«Тоҷикаэронавигатсия»: Ифтитоҳи долони нави ҳавоии «FUNSE» ва роҳи нави байналмилалии аэронавигатсионии «Z767» ба афзоиши парвозҳои транзитӣ мусоидат менамояд

Июль 29, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 29.07.2023/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз ифтитоҳи долони нави ҳавоии «FUNSE» дар сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи нави байналмилалии аэронавигатсионии «Z767» иттилоъ медиҳад.

Тавре муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода 28 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои матбуотӣ гуфт, «долони нави ҳавоии «FUNSE» ва роҳи нави байналмилалии аэронавигатсионии «Z767» бо мақсади татбиқи барномаи табдил додани Тоҷикистон ба давлати транзитӣ, ҳамчунин зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ба истифода дода шуданд».

Хамзамон таъкид шуд, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи нақшаҳои нави «WGS-84» ва татбиқи амалии лоиҳаҳои грантии марбут ба ворид намудани «Навигатсия дар асоси хусусиятҳо PBN», аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва КВД «Аэрогеодезияи Душанбе» ду санади ҳамкорӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар нишасти матбуотӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои авиатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат таъкид гардид, ки соли равон КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 25 246 ҳавопаймо

хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 4 164 ё 20 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки теъдоди парвозҳои транзитӣ дар ин давра 12919 ададро ташкил намуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1700 ё 15 фоиз зиёд аст. Бо назардошти зиёд гардидани иҷро, ҳаҷми парвоз ва хатсайрҳо дар ин давра даромади умумии корхона афзоиш ёфта, ба зиёда аз 152 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта беш аз 21 миллион ё 116 фоиз зиёд мебошад. Хароҷот зиёда аз 102 миллион сомониро ташкил медиҳад.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар ин давра ба буҷети давлат дар маҷмуъ беш аз 27,8 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 миллион сомонӣ ё 24,4 фоиз зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Июль 29, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд