Тоҷикистон ҷалби сармояи кишварҳои арабиро барои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморад

Июль 20, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зимнан, ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани  муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморем».

Қобили тазаккур аст, ки ҳама таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд. Чунончӣ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши дирӯза иброз доштанд, ки «мо бо дарназардошти зарфияти фаровони худ омодаем, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иқдомҳои муштараки муассир роҳандозӣ намоем. Ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷ ба пешбурди босамари ин раванд мусоидат хоҳад намуд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариро бо мақсади тақвияти дӯстию наздикии мардумони кишварҳоямон муҳим ва бамаврид меҳисобем».

Дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои роҳу коммуникатсия ва сайёҳӣ инчунин оид ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои арабӣ дар бахши маориф изҳори назар карда шуд: «Дар самти илму маориф ба мақсад мувофиқ медонем, ки робитаҳои байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ ҷиҳати табодули таҷриба, тадқиқоти илмӣ ва татбиқи барномаҳои таълими касбӣ, бахусус дар риштаи илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шавад».

Президенти мамлакат дар бахши ҳамкории ҷавонони минтақа изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори баргузор намудани «Форуми ҷавонони минтақаҳои мо» ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар доираи федератсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Оид ба ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва озмоишгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шаванд, дар хусуси эпидемияҳо ва ваксинагузаронӣ байни сохторҳои дахлдори бахши тандурустии давлатҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабӣ табодули маълумот ва таҷриба амалӣ карда шаванд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд