Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти ватаниро дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор менамояд

Июль 3, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти ҳайати вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

30 июни соли равон дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти гурӯҳи кории вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ҳокимияти  шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо вилояти Туркистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст