Тоҷикистон ва Қазоқистон барои содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд
ДУШАНБЕ, 02.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар шаҳри Остона Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантиров мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Таъкид гардид, ки соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 22,3% — 1,4 миллиард доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон ба дуюмин калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарони ду давлат, протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023-2024 тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон ҷониби Қазоқистон барои иштирок дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват карда шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






