Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории иқтисодиро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 09.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Боку Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳидаят Асадов мулоқот намуда, дар рафти он густариши ҳамкории иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ду давлат, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, ҷалби сармоя барои навсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷӯиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ҳамкориро тақвият мебахшанд.
Ёдовар мешавем, ки 7 июл дар шаҳри Боку ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду давлат дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






