«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 2078 довталаб ба даври дуюм роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. Дар он 4442 нафар довталаб иштирок намуда, 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз 10 май оғоз гардида, 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 640 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 342 нафар (108 нафар аз 18 то 40 сола ва 234 нафар аз 12 то 17 сола ) роҳхат гирифтанд.
Дар вилояти Хатлон 1021 нафар довталаб дар озмун иштирок намуда, 706 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 484 нафар аз 12 то 17- сола, 222 нафар аз 18 то 40- соларо ташкил медиҳанд.
Дар вилояти Суғд 1128 нафар довталаб иштирок намуда, ки ба даври дуюми озмун 459 нафар (193 нафар аз 18 то 40- сола ва 266 нафар аз 12 то 17- сола) роҳхат гирифтанд;
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 518 нафар (Сино-115н., Исмоили Сомонӣ-167н., Шоҳмансур-134н., Фирдавсӣ-102 н.) довталаб иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 253 нафар (115 нафар аз 18 то 40- сола ва 138 нафар аз 12 то 17- сола) роҳхат гирифтанд;
Инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1135 нафар (Турсунзода-270, Шаҳринав-80, Ҳисор-120 , Варзоб -65, Рӯдакӣ -154, Ваҳдат -72, Файзобод -82 , Роғун – 114 , Нуробод – 52, Сангвор – 23, Рашт -57, Тоҷикобод -22, Лахш – 24) довталаб иштирок намуда, 318 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 211 аз 12 то 17 -сола ва 107 аз 18 то 40 -сола мебошанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1068 нафар зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар саросари мамлакат баргузор мегардад.
Бо итминон метавон иброз намуд, ки Озмуни мазкур дар тӯли солҳои 2019-2022 намунаҳои беҳтарини ҳунари асилро аз тамоми манотиқи Тоҷикистони азиз ба ҳам овард, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд.
Имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз нав ба тасвиб расидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






