«ТОЗАГИИ ШОҲРОҲ». Дар шаҳри Душанбе иқдоми поксозӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 13 маротиба иқдоми «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид, ки дар ҷараёни он 3652 нафар иштирок намуда, дар масофаи 25039 метри мураббаъ шоҳроҳ тоза гашта, дар ҳаҷми 100 метри мукааб партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бо ба роҳ мондани ташаббусҳои экологӣ ва санҷишҳои фаврӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера якчанд қонуншиканиро пешгирӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ин муддат дар ҷараёни иқдоми экологии «Тозагии шоҳроҳ» ва санҷишҳои фаврӣ нисбат ба 4008 нафар ронандагоне, ки ба қоидаҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамият надода, бо нақлиёти ифлос дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ҳаракат мекунанд, тадбирҳои маъмурӣ андешида шуд.
Ҳамзамон нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо 7 санад, барои 298 ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва 91 ҳолати бе болопӯш интиқол додани маводи пошхӯранда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои муштарак дар дидбонгоҳҳои ба пойтахт воридшаванда аз ҷониби мутахассисон маълум гардид, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёт (СО2) аз меъёр зиёд аст. Аз ин рӯ нисбат ба ронандагон протокол тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти марбута ирсол гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






