Ван И дубора Вазири корҳои хориҷии Чин таъйин гардид

Июль 26, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Чин роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ганро аз вазифа озод карда, сардори шуъбаи комиссия оид ба корҳои хориҷии КМ Ҳизби  коммунистии Чин, аъзои Бюрои сиёсӣ Ван Иро аз нав вазир таъйин намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба фармони дахлдор аллакай раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин имзо намудааст.

Ван И аз соли 2013 то охири соли 2022 дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Чин фаъолият мекард, сипас аз моҳи январи соли 2023 сардори дафтардории комиссияи КМ Ҳизби коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ таъйин гардид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад