Вазири маориф ва илм бо шароити озмоишгоҳҳои Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд шинос гардид

Июль 9, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 09.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таълиму тарбия, шароиту имконияти таҳсилу фаъолият ба пойгоҳи моддии муассисаи таълимӣ вобаста буда, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба он вобастагии зич дорад. Ташкили теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои фаннӣ мувофиқ ба ихтисосҳои донишкада намунаи пайравӣ ба дигар муасссисаҳои олии мамлакат арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон ба иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сатҳи омодагиҳо ба соли нави хониш, фаъолияти дохилии комиссияи қабули донишкада ва дигар масоили рўзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дастуру супоришҳои махсус дода шуд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд