Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Хуҷанд бо фаъолияти муассисаҳои боркашонии «Сайёд», «Сорбон» ва «Акмал» шинос гардид

Июль 6, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаҳои нақлиётии шаҳри Хуҷанд – Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Сайёд», «Сорбон» ва «Акмал», ки бо ҳамлу нақли борҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ машғуланд, аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд.

Вазири нақлиёт назару пешниҳодҳои роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои нақлиётиро шунида, бо онҳо масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла боркашонии байналмилалиро муҳокима намуд.

Дар суҳбат бо интиқолдиҳандагони хусусӣ мавзӯъҳои марбут ба танзими низоми боркашонӣ, рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои нав, васеъ кардани ҷуғрофияи боркашонӣ, риояи меъёрҳо ва қоидаҳо, ҳалли мушкилоти интиқоли бор аз як терминал ба дигар терминали боркашонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 6, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард