Вохӯрии якуми роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин (C+C5) доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 июл дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин (C+C5) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар доираи ин мулоқот Форуми Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, семинари сатҳи баланди моликияти зеҳнии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар соҳаи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол ва вохӯриҳои роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнӣ барпо шуд. Зимни он масъалаҳои муҳими самти моликияти зеҳнӣ дар сатҳи минтақа мавриди баррасӣ ва мубодила қарор дода шуд.
Дар чорабиниҳо намояндагони идораҳoи моликияти зеҳнии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, инчунин намояндагони воломақоми Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар форум аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» — и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва мушовири директори муассиса иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои стратегии моликияти зеҳнӣ, ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи соҳаи моликияти зеҳнии мамлакат ва муаррифии он бо давлатҳои ҳамсоя ва дур коргузорӣ бурда мешавад.
Зимни баргузории чорабиниҳо ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раванди фаъолияти Институти техникии физика ва химияи Синтзяни Академияи илмҳои Чин, Ширкати фармасевтии Синтзян ва ширкати ТВЕА шинос шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»









Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






