ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар ноҳияи Файзобод оид ба он тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд
ФАЙЗОБОД, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод дорои ҳафт маркази хизматрасонӣ мебошад, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Файзобод, «Меҳробод», «30-солагии Истиқлол», «Вашгирд», «Қалъаи Дашт», «Бӯстон» ва деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев фаъолияти густурда доранд. Мутахассисони марказҳо дар байни аҳолӣ пайваста моҳияти пардохти ғайринақдиро ташвиқ менамоянд ва он натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад. Дар ин хусус мудири филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод Баҳодур Юнусӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ибрози назар намуд.
Мавсуф дар мавриди иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ гуфт, ки «ҳоло дар ноҳия зиёда аз 18 ҳазору 203 нафар соҳиби кортҳои пардохтӣ буда, аз ин теъдод 8 ҳазору 117 нафарашон нафақахӯрон мебошанд. Ҳамчунин зиёда аз 18 ҳазор нафар соҳибони кортҳо ба SMS- паёмаки «Амонатбонк» пайваст мебошанд».
Барои сари вақт дастрас намудани маош ва нафақапулӣ дар марказҳои савдо, дорухонаҳо, беморхона ва марказҳои саломатии маркази ноҳия ва деҳоти он 45 POS-терминал ва 10 QR рамзҳои «Амонатбонк» насб шудаанд, ки 330 намуди пардохти давлатиро қабул мекунанд. Инчунин 107 ташкилоту муассисаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетии ноҳияи Файзобод ба барномаи «Интернетбонкинг» пайваст ва дар маҷмуъ, беш аз 50 фоизи аҳолии ноҳия бо кортҳои пардохтӣ таъмин мебошанд.
То имрӯз мутахассисони бонк 2542 нафар сокинони ноҳияро мувофиқи хоҳишашон бо корти фарогир таъмин намуданд ва ин амал идома ёфта истодааст. Ҳамин аст, ки дар шаш моҳи соли 2023 дар филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 4 миллиону 337 ҳазору 738 сомонӣ пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шуданд. Ҳамчунин филиали мазкур дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 11 ҳазору 741 сомонӣ амалиёт гузаронид.
Роҳбарият ва кормандони филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод кӯшиш доранд, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то 1 августи соли равон пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасонии давлатиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монанд.
АКС: Филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд






