Вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Восеъ ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ

Июль 29, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, дар ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ  дар ноҳияи Восеъ иштирок  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави иловагӣ барои 480 ҷои нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, воқеъ дар шаҳраки Ҳулбук иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории соҳибкор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёди муассисаи таълимии иборат аз 1 бино бо 1 блоки 2 — ошёна,  10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст.

Дар бинои мазкур синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин майсазори атрофи бино бо дарахтони ороишиву сояафкан барои хонандагон  ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони муассисаи мазкур соли 2021 ба тариқи ҳашар  оғоз гардида, фармоишгари он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ буда, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Восеъ таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Ба сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 15 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Роҳравҳои ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 300 метри мураббаъ сафолакпӯш ва атрофи муассиса бо 6 чароғаки равшанидиҳандаи замонавӣ чароғон гардидааст.

Раиси вилоят бо дигар иншооти дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохташаванда шинос гардида, зимни он ба масъулин ва сохтмончиён барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳо дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 29, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд