14 август дар Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мешавад.
Дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ соат 10:00 (кӯчаи Турсунзода, 82, рӯ ба рӯи Литсейи алоқа) доир мешавад.
Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






