65 нафар донишҷӯ Академияи идоракунии давлатиро бо дипломи аъло хатм намуданд

Август 22, 2023 18:10

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 65 нафар хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби дипломи аъло  гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин Академия.

Дар маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2023  Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, доир мегардад.

Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои мо аз ин неъмати гаронбаҳо маншаъ мегиранд.

Хатмкунандагони Академия бояд бо донишҳои андӯхта аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 25 нафар магистрант ва 40 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавриат дипломҳои аъло супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон Академияро 505 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура хатм намуданд, ки аз ин шумора 65 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2023 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид