Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, тамоми паҳлуҳои масъалаҳои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро фаро гирифта, самти асосии он коҳиш додани омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) тавассути пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳо мебошад.
Мақсади дурнамои мазкур таҳия ва татбиқи системаи самараноки байнибахшӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани нақши пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли вазифаҳои сиёсию иҷтимоӣ бо дарназардошти аҳамияти он дар мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, иқтидори қувваҳои корӣ, мусоидат ба мубориза бо камбизоатӣ, инкишофи иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сифати ҳаёти тамоми аҳолӣ равона шудааст.
Дар ин раванд соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Татқиқоти «Паҳншавии омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ» (STEPS) дар байни калонсолони синни 18-69-сола (2718 нафар) бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) гузаронида шуд.
Дар идома иштирокчиён доир ба ҳадаф ва мақсади таҳияи стратегияи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






