Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ тақвият меёбад

Август 24, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвият ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо аъзои ҳайати БАТР дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода саҳми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, низоми пардохт, рушди бахши низоми суғурта, инчунин баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқоти судманд роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел изҳор дошт, ки ташкилоти онҳо аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат қаноатманд аст, зеро тайи солҳои охир дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ин рӯ БАТР хоҳони идома ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди маблағгузории “сабз”, тағйирёбии иқлим, дастгирии имконияти рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳот дар ин бахш табодули назар намуданд. Инчунин доир ба нақши БАТР дар расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи «Стратегияи рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд низ тақвият меёбад.

Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ислоҳот дар бахши низоми пардохт ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, ки аҳамияти он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ҷиҳати рушди низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бештар гардидааст ва ҳамкории БАТР дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Август 24, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!