Амрико ба Тоҷикистон 59 контейнер таҷҳизоти энергетикӣ супорид

Август 4, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе маросими супоридани 59 контейнер таҷҳизоти трансформаторӣ ба маблағи $4.5 миллион доллар аз ҷониби ЮСАИД ба Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари манбаъ, таҷҳизоти трансформаторӣ дар зеристгоҳҳои калидӣ насб шуда, ба коҳиш додани талафоти техникӣ аз изофабори шабакаҳои интиқол ва таъмини устувору боэътимоди неруи барқ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти трансформаторӣ таъкид гардид, ки неруи барқ омили асосии рушди иқтисодӣ ва устуворӣ мебошад. Он ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф, оби тоза ва дигар соҳаҳои афзалиятнок, ки барои таъмини сатҳи баланди сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд, мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Август 4, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид