Амрико дар қатъи хушунати мусаллаҳона душворӣ мекашад
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Амрикоиҳо нисбат ба дигар давлатҳои Ғарб бо ҳодисаҳои тирпаронӣ бештар рӯбарӯ мешаванд ва хушунати силоҳ дар ҷомеаи амрикоӣ захмҳои амиқ гузоштааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС итилоъ медиҳад, дар ин хусус нашрияи ғайритиҷоратии калифорниягии YR Media хабар додааст.
Соли 2021 81 фоизи тамоми кушторҳо дар ИМА бо силоҳи оташфишон содир шудаанд. Тибқи маълумоти охирини марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, ба назар чунин мерасад, ки тирандозии оммавӣ интиҳо нахоҳад дошт. Сабаби асосии марги ҷавонону кӯдакони амрикоӣ- ин истифодаи силоҳи оташфишон мебошад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






