Амрико дар қатъи хушунати мусаллаҳона душворӣ мекашад

Август 5, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Амрикоиҳо нисбат ба дигар давлатҳои Ғарб бо ҳодисаҳои тирпаронӣ бештар рӯбарӯ мешаванд ва хушунати силоҳ дар ҷомеаи амрикоӣ захмҳои амиқ гузоштааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС итилоъ медиҳад, дар ин хусус нашрияи ғайритиҷоратии калифорниягии YR Media хабар додааст.

Соли 2021  81 фоизи тамоми кушторҳо дар ИМА бо силоҳи оташфишон содир шудаанд. Тибқи маълумоти охирини марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, ба назар чунин мерасад, ки тирандозии оммавӣ интиҳо нахоҳад дошт. Сабаби асосии марги ҷавонону кӯдакони амрикоӣ- ин истифодаи силоҳи оташфишон мебошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст