«АНДАЛЕБ 2023». Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмун доир шуд

Август 3, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид, ки дар он тибқи талаботи озмун аҳли ҳунари шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.

Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд 118,9 хол сазовор дониста шуда, ба онҳо роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур низ тақдим гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»- рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани сатҳи ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар анҷом аз ҷониби масъулини фарҳанги шаҳр ба беҳтарин бахшу иштирокчиёни фестивал-озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 3, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид