Ашт: қариб 5 ҳазор тонна зардолу ба хориҷи Тоҷикистон содирот гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи мусоид омадани боду ҳаво имсол ҳосили зардолу фаровон шуд ва қариб 5 ҳазор тонна мева ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.
Дар ноҳия дар маҷмуъ 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Дар ин замина ширкатҳои «Оби зулол» ва «Мерсибаку» низ аз ҳосили зардолу харидорӣ намуданд.
Мавсуф баён дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар таъминоти об мушкилӣ мавҷуд набуд. Бори аввал 1 апрел ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳия иҷозат дода шуд ва ҳосилнокӣ низ хуб гардид.
Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 43,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт