Аз вилояти Хатлон ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 115 довталаб роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 21 августи соли равон дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир гардид, ки дар натиҷа 115 нафар ғолибони ин давр ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои масъулин, шумораи умумии иштирокчиёни даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Хатлон 706 нафарро ташкил дода, бо дарназардошти ду номинатсияи дигар илова гардидан, шумораи иштирокчиёни ғолиб ба 115 нафар расид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 35 нафар зиёд мебошад.
Натиҷаи ҷамъбастии даври вилоятии озмуни мазкур дар вилояти Хатлон муайян намуд, ки дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ 22 нафар, эстрадӣ 16 нафар, академӣ 3 нафар, дар номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ 11 нафар, эстрадӣ 10 нафар, академӣ 10 нафар, дар номинатсияи композиторӣ, жанри анъанавӣ 1 нафар, эстрадӣ 1 нафар, академӣ 1 нафар, дар номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика ва миниатюра) 10 нафар, жанри ороиши амалӣ 10 нафар, дар номинатсияи дизайнерӣ, жанри графика, реклама, дохили бино 10 нафар ва жанри дизайни мӯд (бофандаги бадеӣ) 10 нафар ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шуда, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 2 феврали соли 2023 ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад: даври якум — моҳи май-июни соли 2023 дар маркази шаҳру ноҳияҳо; даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки соли равон ин озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуд.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардиданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат санҷиданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
Акс: манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд






