Аз вилояти Хатлон ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 115 довталаб роҳхат гирифт

Август 30, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14  то 21 августи соли равон  дар  шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир гардид, ки дар натиҷа 115 нафар ғолибони ин давр  ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои масъулин, шумораи  умумии иштирокчиёни даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар  Хатлон  706 нафарро ташкил дода, бо дарназардошти ду номинатсияи дигар илова гардидан, шумораи иштирокчиёни ғолиб ба 115 нафар расид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 35 нафар зиёд мебошад.

Натиҷаи ҷамъбастии даври вилоятии озмуни мазкур  дар вилояти Хатлон муайян намуд, ки дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ 22 нафар, эстрадӣ 16 нафар, академӣ 3 нафар, дар номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ 11 нафар, эстрадӣ 10 нафар, академӣ 10 нафар, дар номинатсияи композиторӣ, жанри анъанавӣ 1 нафар, эстрадӣ 1 нафар, академӣ 1 нафар, дар номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика ва миниатюра) 10 нафар, жанри ороиши амалӣ 10 нафар, дар номинатсияи дизайнерӣ, жанри графика, реклама, дохили бино 10 нафар ва жанри дизайни мӯд (бофандаги бадеӣ) 10 нафар ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Баргузории даври сеюми  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шуда, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  аз 2 феврали  соли 2023  ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ  ҷудо гардид.

Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад: даври якум — моҳи май-июни соли 2023 дар маркази шаҳру ноҳияҳо; даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

Хотиррасон  мешавем, ки соли равон ин озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуд.

Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардиданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат санҷиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Акс: манбаъҳои боз

Август 30, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад