Қазоқистон ба Тоҷикистон дар рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ кумак менамояд

Август 25, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарони вазорату кумитаҳои калидии мамлакат бо ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Мусин Багдат  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода гуфт, ки  сафари кории ҳайати Қазоқистон ба Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз қариб дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои хуби корӣ ба роҳ мондаанд, ки он ба тавсеа ва таҳким ёфтани ҳамкорӣ дар бахши рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Мусин Багдат изҳор дошт, ки ҷамъомади имрӯза ба тақвияти татбиқи ҳукумати электронӣ кумаки амалӣ мерасонад.

Мавсуф афзуд, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи даҳум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди рушди технологияи рақамии ин давлат гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои амнияти пойгоҳи маълумот, коркард ва дастарасӣ ба онҳо баррасӣ гардиданд.

Ҷониби Қазоқистон таъкид намуд, ки омода аст таҷрибаи ғании худро ба мутахассисони соҳаи ҳукумати электронии тоҷик бо роҳи ташкили  машғулият ва даврҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон омӯзонад.

Дар анҷом роҳбарону намояндагони  вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар робита ба рушди рақамикунонӣ ва ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳо ибрози назар намуданд.

              АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 25, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд