БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор 400 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Август 9, 2023 17:33

ҲИСОР, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд. То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 400 иншоот аз қабили 7 коргоҳи саноатӣ, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ 10 бинои истиқоматӣ, 3 бинои соҳаи маориф 39 маркази хизматрасонӣ, 10 бинои истиқоматӣ, 69 иншооти савдо ва 170 иншооти дигар ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки аз ҳисоби лоиҳаи CASA-1000 дар биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақами 61 ва 65 корҳои сохтмонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 25 муассисаи таълимии шаҳр сохтмони 122 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ҳамчунин сохтмони муассисаи таълимии маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор барои 640 нафар ва муассисаи таълимии деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти Сомон барои 280 нафар хонанда оғоз гардидааст.

Иброз гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 108,4 фоиз ва нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101 фоиз иҷро гардид. Рушди соҳаи  саноат дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор ба 101,1  фоиз, кишоварзӣ- 102 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 104,4 фоиз, гардиши савдо- 105,5 фоиз ва маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон ба 149,6 фоиз расонида шудааст.

Раиси шаҳри Ҳисор дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба рушди самтҳои дигари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаю дурнамо барои ба шаҳри муосири саноатӣ табдил додани Ҳисор, омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон посух дод.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд