БА ИСТИҚБОЛИ 32 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҷавонону волонтёрони фаъол ба дидорбинии собиқадорони соҳа рафтанд
ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили сазовори 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷавонону волонтёрони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ба дидорбинии собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби собиқадорони касбу кори гуногуни мамлакат ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба ин шахсони баруманд изҳори сипос намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, бахусус собиқадорон равона гардидааст. Қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳо аст.
Собиқадорони мамлакат дар навбати худ изҳор доштанд, ки агар шароити имрӯзаро бо солҳои пешин муқоиса намоем, ба куллӣ фарқ дорад. Ба ҳамин хотир ҷавонон бояд ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки ояндаи миллат дар дасти онҳо мебошад. «Инчунин Сарвари давлат низ дар ҳамаи сузанрониҳои худ таъкид менамоянд, ки мо бояд Ватани худро дӯст дорем, ободии Ватан дар дасти худи мо аст ва бояд барои насли минбаъдаи тоҷик аз худ мероси хуб монем, то онҳо бе мушкилӣ дониш омӯхта, фаъолият намоянд. Пас моро зарур аст, ки ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат бирасем ва дар ободкориҳои Ватан саҳм гузорем», -изҳор доштанд онҳо.
Гуфта шуд, ки баргузории ин гуна дидорбинию чорабиниҳо, пеш аз ҳама, эҳтиром ва арҷ гузоштани ҷавонон ба насли калонсоли мамлакат ба ҳисоб рафта, минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






