БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб хобгоҳи нуҳошёна сохта мешавад

Август 30, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб хобгоҳи нуҳошёна сохта мешавад.

Тавре дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Зубайдулло Азиззода изҳор дошт, бинобар сабаби норасоии ҷойи зист барои донишҷӯёни роҳдур дар айни замон дар шафати бинои Коллеҷи тиббӣ сохтмони хобгоҳ иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад.

Маблағи умумии сохтмони хобгоҳ 33 миллиону 595 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз ба маблағи 18 миллиону 371 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Барои идомаи сохтмони хобгоҳ соли 2023 аз суратҳисоби махсуси Коллеҷи тиббӣ 1 млн сомонӣ ва аз суратҳисоби махсуси Раёсати сохтмони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 1 млн сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин маблағ то моҳи июли соли равон 200 ҳазор сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 261 ҳазору 900 сомонӣ аз суратҳисоби махсуси Раёсати сохтмони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷудо гардидааст.

«Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 8 ихтисос, аз ҷумла «Кори момодоягӣ», «Кори табобатӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ», «Кори тиббию ташхисӣ» ва «Кори табобати дандон» мутахассисони миёнаи тиббӣ омода мешаванд», — гуфт Зубайдулло Азиззода.

Бо мақсади таҷрибаомӯзии донишҷӯён Коллеҷи тиббӣ бо 35 муассисаи тандурустии шаҳрӣ ва вилоятӣ шартномаи дуҷониба дорад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 30, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд