БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 92 корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

Август 26, 2023 14:47

ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ дар чор соли оянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Тибқи пешниҳоди раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят соли 2023 дар вилоят ба истифода додани 29 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 374 ҷойи нави кор дар назар аст.

Таъкид бояд намуд, ки дар арафаи ташрифи навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят (9-10 август) дар шаҳру ноҳияҳо 10 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.  Инчунин дар соҳаи саноати дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дар вилоят 4 корхонаи дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш  (коркарди ангат) фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон дар ҷараёни ташриф аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят 23 иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин ташриф боз 45 объекти дигар мавриди истифода қарор гирифт.

Барои таъмини талаботи бозори дохилӣ бо сангҳои бинокорӣ ва дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сангҳои ороишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян анҷом дода шуданд. Дар вилоят 11 корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ ва сангҳои ороишӣ кор менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки давоми 6 моҳи соли равон 94 корхона ва коргоҳи саноатии вилоят тибқи ҳисоботи оморӣ ба маблағи 93 миллиону 223 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё ба маблағи 4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

Август 26, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад