«БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН ХАНДОН БА РОҒУН МЕРАВЕМ…». 100 нафар ҷавонони фаъол ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сафари 100 нафар ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони ВАО ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Мақсад аз сафар- шиносоии ҷавонон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосии неругоҳ буда, имкон медиҳад, ки онҳо бо сохтмончиёни ин кохи бузурги гидроэнергетикии мамлакат аз наздик суҳбат намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки сафари мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳавасмандсозии кормандони ин иншооти аср ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли равон зимни вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун» Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодиро вазифадор намуданд, ки корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО –и «Роғун» – иншооти бузурги стратегӣ шуруъ гардид.
29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» оғоз гардид. Ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср оғоз бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки НБО –и «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Ташкил намудани чунин сафари дастҷамъона ба мавзеи сохтмони иншооти бузурги аср бо иштироки ҳайати ҷавонон сабаби руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат- НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд. Тавре шоир дар бораи ин иншооти аср фармудааст:
Баҳри ободии Ватан хандон ба Роғун меравем,
Чун гул шукуфта дар чаман шодон ба Роғун меравем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






