БАХШИДА БА 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим ду коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим ду коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.
Коргоҳи хурди дӯзандагии ҶДММ «Кимхо» бо иқдоми ҳунарманд Кимхо Кабирова бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Айни замон дар коргоҳи мазкур 10 нафар занон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки теъдоди кормандон зиёд шуда, дӯхти либосҳои мактабӣ, хилъатҳои тиббӣ ва ҳарбӣ амалӣ шавад.
Ҳамчунин корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Лаби дарё», ки аз ҷониби шаҳрванд Наслохон Наслохонов бунёд гардидааст, низ ифтитоҳ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли хишт ва сафолакҳо ба роҳ монда шуда, 6 шаҳрванди бекор ба кор фаро гирифта шуданд.
Чунин иқдоми бунёдкорона омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ ноҳияи Ишкошим низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рушд намуда, дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 12 ширкати сохтмонӣ ба корҳои бунёдкории иншооти таъйиноташон гуногун машғул мебошанд. Ҳоло дар зиёда аз 80 иншоот корҳо бо маром идома доранд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






