БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. 2 км роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Лоҳутии шаҳри Турсунзода мумфарш мешавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои созандагию ободкорӣ навсозӣ ва мумфаршнамоии 2 км роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ба иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолони шаҳр, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ҳамроҳ шуда, ободии Ватанро ҳадафи асосии зиндагии худ қарор додаанд.
Тибқи нақша, навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳи маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расонида, мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар он пурра бартараф мешавад.
Дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону сокинони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар тадбирҳои ободкорона вусъат меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода













Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






