Бар асари садамаи нақлиётӣ дар Туркия 12 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи бархӯрдани автобус ба садди дар роҳ гузошта дар вилояти Йозгат, воқеъ дар қисмати марказии Туркия 12 нафар ҳалок ва 19 нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе агентии иттилоотии DHA хабар додааст.
Дар хабар омадааст, ки автобуси мусофирбар, ки аз вилояти Сивас ба Истанбул ҳаракат менамуд, бо сабабҳои номаълум дар баромадгоҳи ноҳияи Соргуни вилояти Йозгат аз роҳ берун шудааст.
Вазири адлияи Туркия Йилмаз Тунч изҳор дошт, ки мурофиаи судӣ оғоз шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






