«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Шаҳринав озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 август дар ноҳияи Шаҳринав даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи озмун оид ба шарт, талабот, меъёр ва имтиёзҳои озмун маълумот дода шуд.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни бонувоне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад.
Баргузории озмун ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатиро баҳри фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидани донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон боз ҳам баланд мебардорад.
Ёдовар мешавем, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур тибқи Низомнома имрӯз, 16 август ҷамъбаст гардида, ғолибонро Комиссияи озмун муайян ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






