Бинобар сӯхтори ҷангал дар Португалия беш аз 1000 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сӯхтори ҷангал дар ҷануби Португалия 1400 нафар кӯчонида шуданд. Майдони зиёда аз 1000 гектарро сӯхтор фаро гирифтааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.
Сӯхтори ҷангал, ки рӯзи шанбе дар музофоти Одемираи минтақаи Алентежу оғоз гардид, ба самти ҷануб ба сӯи Алгарве- яке аз маконҳои сайёҳии Португалия паҳн мешавад.
Дар маҷмуъ сокинони 19 деҳаи хурд, инчунин истироҳаткунандагони чор иншооти сайёҳӣ бо мақсади ҳифзи амнияташон ба дигар ҷойҳо кӯчонида шуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






