Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байнидавлатӣ муносибатҳои муросилотиро тавсеа мебахшанд

Август 22, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлуҳои муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти Бонки байнидавлатӣ Андрей Липин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Таъкид шуд, ки Бонки байнидавлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ ва тақвияти муносибатҳои молиявию бонкӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) идома дода истодааст.

Мусоҳибон ҳамзамон тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо роҳи васеъ намудани амалиёт ва пардохтҳо бо асъори миллӣ, дарёфти масири нави ҳамкорӣ бо Бонки байнидавлатӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар мулоқот ба масъалаҳои тақвияти маблағгузории савдо, ҳисобаробаркуниҳои тарафайн бо асъори миллӣ, анҷом додани амалиёти Своп ва васеъ намудани шабакаи суратҳисобҳо дахл гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Бонки байнидавлатӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкии бисёрҷониба байни давлатҳои аъзои ИДМ  22 январи соли 1993 аз ҷониби сарони ҳукуматҳо ва бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои ИДМ таъсис дода шуда, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзию молиявии байналмилалӣ амалӣ намудааст.

         АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 22, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад