«БОЗИҲОИ ТОЗА». Моҳи сентябр байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мусобиқаи экологӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат Мусобиқаи миллии экологии «Бозиҳои тоза» оғоз гардида, то охири моҳи сентябр идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузории вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» доир мегардад.
Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани мусобиқаи мазкур 26-27 август байни масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, волонтёрони ташкилоти экологӣ ва коршиносон аз Федератсияи Русия таҷрибаомӯзии дурӯза гузаронида шуд.
«Бозиҳои тоза» – ин мусобиқаи даставӣ оид ба тоза намудани муҳити атроф аз партовҳо ва ҷамъоварии ҷудогонаи онҳо мебошад. Дар доираи таҷрибаомузӣ 27 август мусобиқаи таҷрибавии «Бозиҳои тоза» дар соҳили дарёи Душанбе аз тарафи кӯчаи Карамов то хиёбони Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, қисмати ташкилӣ ва тантанавии он дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Хайём»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
Зимни мусобиқаи таҷрибавӣ иштирокчиён зиёда аз 200 килограмм партовҳоро аз соҳили дарё ҷамъ оварда, 3 даста, аз ҷумла дастаи «Пайравони Пешвои миллат» ва дигарон ғолиб шуданд.
Мусобиқаи мазкур бо истифодаи бевоситаи замимаи мобилии «Чистые игры-Clean Games” амалӣ гардида, ҳамаи иштирокчиён зимни ҷамъоварии партовҳо дар раванди мусобиқа бо истифодаи интернет ва телефонҳои мобилии худ холҳоро дар ин замима ба даст меоранд ва ғолибони он низ дар замимаи мобилӣ ба таври автоматӣ муайян мешаванд.
Ғолибони Мусобиқаи миллии экологии «Бозиҳои тоза» моҳи ноябри соли равон барои иштирок дар Форуми байналмилалии ташаббусҳои экологӣ — 2023 ба шаҳрҳои Москва ва Санкт – Петербурги Федератсияи Русия равон мешаванд. Ҳамзамон ғолибони озмуни экологӣ моҳи марти соли 2024 барои иштирок дар «Ҷоми тозагии Авруосиё» имконият пайдо намуда, ба ҳамоиши ҷашнии «Бозиҳои тоза — 2024», ки дар кӯли Вуокси Федератсияи Русия баргузор мегардад, даъват мешаванд.
Таҷрибаомӯзии мазкур бо иштирок ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди грантҳои Президенти Федератсияи Русия ва “Россотрудничество” ташкил гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






