«БОЗИҲОИ ТОЗА». Моҳи сентябр байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мусобиқаи экологӣ гузаронида мешавад

Август 28, 2023 16:58

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат Мусобиқаи миллии экологии «Бозиҳои тоза»  оғоз гардида, то охири моҳи сентябр идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузории вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» доир мегардад.

Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани мусобиқаи мазкур 26-27 август байни масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, волонтёрони ташкилоти экологӣ ва коршиносон аз Федератсияи Русия  таҷрибаомӯзии дурӯза гузаронида шуд.

«Бозиҳои тоза» – ин мусобиқаи даставӣ оид ба тоза намудани муҳити атроф аз партовҳо ва ҷамъоварии ҷудогонаи онҳо мебошад. Дар доираи таҷрибаомузӣ 27 август мусобиқаи таҷрибавии «Бозиҳои тоза» дар соҳили дарёи Душанбе аз тарафи кӯчаи Карамов то хиёбони Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, қисмати ташкилӣ ва тантанавии он дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Хайём»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.

Зимни мусобиқаи таҷрибавӣ иштирокчиён зиёда аз 200 килограмм партовҳоро аз соҳили дарё ҷамъ оварда, 3 даста, аз ҷумла дастаи «Пайравони Пешвои миллат» ва дигарон ғолиб шуданд.

Мусобиқаи мазкур бо истифодаи бевоситаи замимаи мобилии  «Чистые игры-Clean Games” амалӣ гардида, ҳамаи иштирокчиён зимни ҷамъоварии партовҳо дар раванди мусобиқа бо истифодаи интернет ва телефонҳои мобилии худ холҳоро дар ин замима ба даст меоранд ва ғолибони он низ дар замимаи мобилӣ ба таври автоматӣ муайян мешаванд.

Ғолибони Мусобиқаи миллии экологии «Бозиҳои тоза» моҳи ноябри соли равон барои иштирок дар Форуми байналмилалии ташаббусҳои экологӣ — 2023 ба шаҳрҳои Москва ва Санкт – Петербурги Федератсияи Русия равон мешаванд. Ҳамзамон ғолибони озмуни экологӣ моҳи марти соли 2024 барои иштирок дар «Ҷоми тозагии Авруосиё» имконият пайдо намуда, ба ҳамоиши ҷашнии «Бозиҳои тоза — 2024», ки дар кӯли Вуокси Федератсияи Русия баргузор мегардад, даъват мешаванд.

Таҷрибаомӯзии мазкур бо иштирок ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди грантҳои Президенти Федератсияи Русия ва “Россотрудничество” ташкил гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 28, 2023 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд