Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ рафъи пайомадҳои офати табиӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ аз омадани сел дар деҳаи Мадми Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия хабар дод, ки он 6 август, қариб соати 23:50 бар асари боронҳои пуршиддат ба амал омадааст. Дар натиҷа обу лойқа ба 4 хонаи истиқоматӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 300 метр роҳи деҳа, зироати кишоварзӣ қисман зарар расонидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо мақсади расонидани ёрӣ ба зарардидагон ва амалӣ намудани корҳои рафъи пайомадҳои офати табиӣ аҳолии деҳа ва техникаи зарурӣ ҷалб гардид. Корҳои бартарафсозӣ ҳоло идома доранд.
Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст.
Инчунин 7 август дар ҳудуди деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ корҳои рафъи пайомадҳои офати табиӣ идома доштанд. Аз ҷумла, барои расонидани ёрӣ ба оилаҳои зарардида, ҳамчунин бартараф намудани пайомадҳои офат 60 нафар сокинони деҳа ва 6 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардид. Бо ҳашар 3 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон, 900 метр роҳи байни деҳаҳо, 500 метр селроҳа ва 120 метр ҷӯйбори обёрии заминҳо аз ҳар гуна селоварду лойю хок тоза шуданд. Дар айни замон корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар ҳудуди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳрав ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ зарар расонид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






