Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21-24 август дар Алмато ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи СҲШ иттилоъ медиҳад.
Ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон доираи васеи масъалаҳои татбиқ ва омодасозии қарорҳои нави шурои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035, ташаббусҳои Созмон «Дар бораи ваҳдати ҷаҳонӣ барои ҷаҳони одилона ва ризоият» ва Консепсияи беҳтар намудани фаъолияти он рӯнамоӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин мавзуи ислоҳот ва масъалаҳои густариш, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои нозир, шарикони муколамаи Созмони мазкур ва созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ғайр аз ин, Нақшаи чорабиниҳои СҲШ барои соли 2024 баррасӣ гардида, диққати асосӣ ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмон равона шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






