Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос машварати августии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф машварати августии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тазаккур дода шуд, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти иловагӣ зиёд буда, натиҷаи он аст, ки сол аз сол самти таҳсили иловагӣ рушд меёбад. Аз ҷумла, сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар соли 2022 ва ба истифода додани бинои нави Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар машварати мазкур намояндагони марказҳои таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат вобаста ба фаъолияти муассисаҳои номбаршуда маъруза намуданд.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни машварат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносии милливу ватандӯстӣ комёбиҳо таманно намуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






