Дар Душанбе ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик тантанаи ҷашнӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 август ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардида, барои пос доштани хотираи неки хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд дар назди лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузошта шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиа, ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун, масъулин ва намояндагони сохторҳои низомӣ, собиқадорон, наздикону пайвандони сарбозон ва меҳмонон дар майдони сафороии ин бригада доир шуд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиён сухан гуфта, аз рӯзҳои таъсиси бригадаи десантӣ, дастоварду муваффақияти ҳайати шахсии он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуд ва тамоми десантчиёни тоҷикро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин тантанаи ҷашнӣ манзур мешавад.
АКС: Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»