Дар Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, таъмини муттаҳидсозии амалҳо оид ба барқарор кардани низомҳои экологии вайроншудаи табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ барои муқовимат ба офатҳои табиӣ ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин низоми огоҳкунии бармаҳал оид ба хавфи офатҳои табиӣ дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ гардид.
Доир ба вазифаҳои асосии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим таъкид шуд, ки бояд тамоми гурӯҳҳои байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ дар доираи гурӯҳи мазкур ҳамоҳангсоз гардида, фаъолияти он самаранок гардад.
Инчунин раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» баррасӣ гардид. Зимни он мутахассисон вобаста ба ҳолати иҷрои чорабиниҳо дар мавзуъҳои «Муҳтавои «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ», «Гуногунии биологӣ — ҳамгироӣ кардани чорабиниҳо оид ба барқарорсозии экосистемаҳои вайроншудаи табиӣ», «Вазифаи тақвияти низоми ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар самти масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва низоми огоҳкунии бармаҳал оид ба хавфи офатҳои табиӣ», «Таҷдиди саҳми муайяншудаи миллӣ (NDC) барои ноил шудан ба ҳадафи глобалии Конвенсияи чаҳорчӯби СММ оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Муҳтавои лоиҳаи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» маъруза намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумат и Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






