Дар Файзобод вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Август 31, 2023 16:37

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар мавзуи «Рушди маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон – омили асосии инкишофи ҷомеа» ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои шуроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ноҳияҳо иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат нисбат ба масъалаҳои маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти кору зиндагӣ, вазъи таълиму тарбия, соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо, мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имконияти заруриро  фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ намоянд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд».

Бояд гуфт, ки Шурои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, натиҷаҳои дар зарфи ин солҳо ба даст омада, нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ҷаҳду талош варзида, ҷиҳати ҷалб намудани сокинони ноҳия баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Тавре Сарвари давлат таъкид доштанд, «дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, дар кори созмонҳои ҷавонон таҳия ва татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба таҳкими ризоияти иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром байни миллатҳою мазҳабҳо, муколамаи байни тамаддунҳо ва наслҳо, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии фаъолияти қувваҳои иртиҷоӣ бояд мақоми афзалиятнок дошта бошад. Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад».

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистонӣ мебошад. Мустаҳкамшавии давлат, ташаккули заминаҳои идеологию маънавии он аз пешбурди корҳои мақсадноки тарбияи ватадӯстии ҷавонон вобастагии калон дошта, дар таърихи инкишофи ҳар давлат ҷойгоҳи бузургро соҳиб буда, тақдири инкишофи давлат аз пешбурди тарбияи ватандӯстию худшиносии ҷавонон вобастагии калон дорад. Яъне тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандорию ватандӯстӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи Тоҷикистон бағоят муҳим аст. Аммо қишрҳои гуногуни ҷомеа, гурӯҳҳои қавмӣ ва элитаи сиёсии ҳукмрон нисбат ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ назари гуногун ва ҳатто зиддиятнок доранд, ки пешбурди корро дар ин самт душвортар мегардонад. Миллати тоҷик дар масири таърих ба дастовардҳои бузургӣ моддӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ноил гаштааст ва ин даствовардҳо ба тафсири муосиру замонавӣ ниёз доранд, то ба ин васила худшиносии миллатро баланд бардорем.

Дар раванди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ атрофи ғояи ватандӯстӣ иҷрои шартҳо ва талаботи зерин зарур ва ҳатмӣ мебошанд. Пеш аз ҳама, асоснокнамоии масъалаи тарбияи ватандӯстӣ аз нигоҳи илмӣ, гуманистӣ ва мардумсолорӣ. Ба назар гирифтани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, анъанаҳои маънавии он бо дарназардошти гуногуни баромади иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии онҳо; системавият, муттасил инкишоф додани сиёсати дастгирии ҷавонон; тарбияи ватандӯстӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо баҳри ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ; самтгирию равона намудани онҳо баҳри рушди имконияту истеъдоди ҳар шахсият дар асоси равиши фардӣ нисбат ба ҳар ҷавон; мавҷудияти робитаи ногусастанӣ бо дигар шаклҳои тарбия.

Дар шароити кунунӣ дар ҳар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишоф маҳсуб мегардад.Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, бояд ба фарҳанги сиёсии ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро барои ноил гардидан ба комёбиҳо дар баробари дигар омилҳо боло бурдани маърифати сиёсӣ хеле муҳиму арзишманд аст. Ташаккули фарҳанги сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар падидаву ҳаводисе, ки дар ҷумҳуриамон ва тамоми мамлакатҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқуъ меоянд, баҳои воқеъона дода, мавқеи худ ва давлати худро дар онҳо дақиқ муайян намоем. Аз ин рӯ дар ҳукумати мо низ ба ташаккули фарҳангу маърифати сиёсии омма манфиатдор мебошанд.

Асоситарин омилҳое, ки мавқеи сиёсии ҷавононро дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон собит ва муқаррар менамоянд, иштирок ва саҳмгузорӣ дар маъракаҳои сиёсӣ мебошад. Ҷавонон, ки аз муҳимтарин кишрҳои иҷтимоӣ мебошанд, дар ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ бевосита ҷалб мешаванд ва бо майлу иродаи худ иштирок менамоянд. Далелҳои мавҷуда баёнгари он ҳастанд, ки гарчанде ки 85 — 90% ҷавонон дар интихобот иштирок намудаанд ва ё фаъолияти онҳо дар ин маъракаи муҳим ба қайд гирифта шудааст, аммо фақат 10% онҳо аз худ фаъолиятмандӣ нишон медиҳанд ва ҳамагӣ 15 фоизи кулли ҷавонон мавқеи сиёсиашонро мустақилона муқаррар месозанд.

Бояд дар назар дошт, ки бо сабабҳои зиёд қисме аз ҷавонон тақрибан дар ҳудуди 5 – 7 % умуман дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок намекунанд ва ҳатто анқариб мавқеи устувор ва ягона дар таркиби системаи сиёсӣ надоранд. Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди аз 10% то 15% ҷавонон ба таври аҳёнӣ дар системаи сиёсӣ иштирок менамоянд.

Вале новобаста ба ин мо ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ва татбиқи босамари барномаҳои давлатие, ки аз манфиатҳои мардуми ҷумҳурӣ маншаъ мегиранд, ҷидду ҷаҳд намоем. Дар ин раванд ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон бояд бо ҳисси масъулият талош намоянд. Фарҳанг ва маърифати сиёсӣ дар пайвастагӣ бо тамоми шаклҳои дигари маърифат тавсеа ёфта, қисми ҷудонопазири фарҳангу маърифати адабию маънавӣ ба шумор меравад. Рушду инкишофи он заминаи устуворе ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи миллӣ фароҳам меорад. Дар ҳалли масоиле, ки боиси пешрафти ҷомеа бо иштироки фаъоли ҷавонон мегардад, бояд ба таври ҷиддӣ муносибат намоем. Ин тадбир натиҷаҳои умедбахше ба бар хоҳад овард.

— Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоту масъалаҳоеро, ки садди рушди маърифати сиёсии ҷавонон мегарданд, ба назар гирифта, баҳри ҳарчи зудтар бартараф шудани онҳо тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

-тарбияи маънавию ахлоқӣ тақозо менамояд, ки инсон дар ҳаёташ аз арзишҳои олӣ, ғояҳои бузурги ахлоқию сиёсӣ баҳра бурда, дар зиндагии рӯзмарра ин арзишҳои олии инсониро дар амал татбиқ намояд. Ҳамчунин истифодаи арзишҳои баланди инсонӣ иҷрои талаботи зеринро тақозо менамояд:

-ташаккули фарҳангу таълимоти баланд, дарки масъулият дар мавриди хизмат ба Ватан ва манфиатҳои он, ташаккул додани маҷмуи меъёрҳои баланди шаҳрвандӣ,

-масъулияти корӣ, тахассуси баланд дар мавриди иҷрои масъулияти бардӯшгирифта дар назди Ватан ва Президент. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғояи ватандӯстиро идеяи муттаҳидкунандаи миллии Тоҷикистони муосир эълон намудаанд. Маҳз дар ҳамин замина ҷомеаи тоҷикистонӣ аз пайи коркарди маҷмуи ғояҳои навини давлатдорӣ, арзишҳои баланди ахлоқӣ буда, дар ин замина ҷавононро муттаҳид ва ба созандагию бунёдкорӣ равона намуда, давлату миллатро ободу пешрафта мегардонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2023 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДИЛОВАРОНИ ШУҶОИ ВАТАН. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил гардид
ШАҲРВАНДОНИ КОМИЛҲУҚУҚ. Ба 1152 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ шиноснома дода шуд
Финляндия дар бораи эпидемияи вирус байни кӯдакони хурд хабар додааст
Дар «Тоҷикфилм» Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд
Дар Венесуэла 15 нафар ҳангоми фурӯрезии кон ба ҳалокат расид
Дар якчанд минтақаи Чин бо сабаби барфу боронҳои шадид низоми вокуниши изтирорӣ фаъол шудааст
«КИТОБҲО БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Дар доираи ин ташаббус ба афсарону сарбозон зиёда аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Душанбе беш аз 6 ҳазор радар насб мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад
Дар Суғд ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпаронӣ доир гардид