Дар Хоруғ нахустин Форуми байналмилалии соҳибкории G5 оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори нахуст дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкории G5 оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши дастовардҳои соҳибкорони вилоят шинос шуданд. Дар идомаи кори форуми соҳибкории G5 навор вобаста ба имконоти рушди соҳибкорӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Иброз гардид, ки бо ҳидоятҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол бо ҷалби маблағҳои соҳбикорони ватанӣ дар миқёси вилоят корхонаҳои азими саноатӣ ва хурду миёна бунёд мегарданд, ки ба беҳтар гардидани рушди устувори иқтисодиёти вилоят ва таъмини мардум бо ҷои кори доимӣ нигаронида шудаанд. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат саҳми соҳибкорони вилоят дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватан назаррас мебошад. Зиёда аз 70 фоизи даромади буҷаи вилоят аз ҳисоби соҳибкорон ва бахши хусусӣ мебошад.
Ҳамзамон дар қаламрави вилоят чандин коргоҳи саноатӣ бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ бунёд гардиданд, ки садҳо сокинони вилоят, занони хонанишинро ба кор ҷалб намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи вилоят ва таъсиси ҷойи кори доимӣ нақши арзанда доранд.
Тазаккур дода шуд, ки барои рушди соҳибкории миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорон тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дастгирии дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки дар зарфи 32 соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коргоҳҳои зиёди саноатӣ бунёд ва мариди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ба равнақи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии соҳибкории G5 пагоҳ низ идома ёфта, дар он иштироки соҳибкорони хориҷӣ дар назар аст.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»









Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






