Дар Канада вазирони ҳифзи муҳити зист масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зистро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ванкувери Канада маросими ҷамъбасти Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ аз ҷониби Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар шаҳри Ванкувери Канада вазирони ҳифзи муҳити зист аз 185 давлати ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Дар ҷараёни Ассамблея маросими баимзорасонии оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) баргузор гардид, ки он ба сармоягузории соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи иштирок дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо котиби Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ, муовини президенти Фонди байналмилалӣ барои рушди кишоварзӣ, директори раёсати пешгирӣ ва мутобиқшавии Фонди иқлими сабз, муовини директори глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, директори глобалӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти кабуди Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Инчунин дар доираи вохӯриҳо Баҳодур Шерализода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдовар шуда, изҳори умедвории худро вобаста ба дастгирии амалишавии онҳо аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд иброз намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад






