Дар Канада вазирони ҳифзи муҳити зист масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зистро баррасӣ намуданд

Август 31, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ванкувери Канада маросими ҷамъбасти Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии  экологӣ аз ҷониби Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  иттилоъ доданд.

Дар Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар шаҳри Ванкувери Канада вазирони ҳифзи муҳити зист аз 185 давлати ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Дар ҷараёни Ассамблея маросими баимзорасонии оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) баргузор гардид, ки он ба сармоягузории соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи иштирок дар Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ,  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо котиби Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ, муовини президенти Фонди байналмилалӣ барои рушди кишоварзӣ, директори раёсати пешгирӣ ва мутобиқшавии Фонди иқлими сабз, муовини директори глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, директори глобалӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти кабуди Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот  ҷонибҳо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва дигар масъалаҳои  муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Инчунин дар доираи вохӯриҳо  Баҳодур Шерализода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдовар шуда, изҳори умедвории худро вобаста ба дастгирии амалишавии онҳо аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд иброз намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад