Дар Лаҳистон бар асари хуруҷи «бемории легионерҳо» 14 нафар фавтид

Август 31, 2023 19:29

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Жешувеи ҷанубу шарқи Лаҳистон 14 нафар фавтида, зиёда аз 150 нафар аз сабаби хуруҷи сирояти бактериявӣ, ки бо номи «бемории легионерҳо» маъруф аст, ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC хабар додаст.

Аз 105 намунаи обе, ки то ҳол барои санҷиш гирифта шудааст, дар 18 намунаи аввал бактерияҳои хатарнокро пайдо намуданд.

Тибқи иттилои намояндагони мақомоти тандурустӣ, бактерияе, ки ин бемориро ба вуҷуд меорад, дар 113 беморе, ки дар шаҳри Жешув ва атрофи он бистарӣ гардидаанд, пайдо шудааст. Ҳафт нафари аз 64 то 95-солаи фавтида дигар намуди беморӣ низ доштаанд.

«Бемории легионерҳо» (инчунин бо номи легионеллез, илтиҳоби шуши питтсбург ё зукоми қалъачаи Брэгг маъруф мебошад), гузаранда нест. Ин беморӣ илтиҳоби шушро ба вуҷуд оварда,  метавонад ба пневмонияи шадид оварда расонад.

Давраи инкубатсионии он аз ду то 10 рӯзро дар бар мегирад. Беморӣ аввал мисли зукоми одӣ намоён шуда, сипас беморон хастагии умумии бадан, таби баланд (то 39,5 дараҷа ё ҳатто баландтар), дарди сару  мушакҳо ва сулфаи хушкро эҳсос менамоянд.

Бо авҷ ёфтани беморӣ дарди қафаси сина, тангшавии нафас, дарди шикам, дарунравӣ, қайкунӣ ва таваҳҳум метавонанд пайдо шаванд.

 Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд