Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад
СУҒД, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён бо рафти баргузории даври сеюми озмуни мазкур дар вилояти Суғд шинос шуд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар доданд, даври сеюми озмун (вилоятӣ) аз 14 август дар МДТ «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»-и вилояти Суғд аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистонро зимни шиносоӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар даври сеюми озмун кӯдакону наврасон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштироки фаъолона доранд.
Матлубахон Сатториён ҷараёни иштирок ва раванди баҳогузории ҳайати ҳакамони озмунро аз рӯйи номинатсияҳо назорат намуд. Дар ҷараёни боздид ӯ масъулинро дастур дод, ки шаффофияти озмунро таъмин намоянд. Зеро ин озмун ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои арзанда дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ кумак менамояд.
Тавре маълум аст, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад.
Таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба баргузории ин озмун бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик калон аст.
Даври сеюми озмун то 26 август идома меёбад.
АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид






