Дар Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргузории барномаҳои фарҳангӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Бунёди Боғи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб моҳи майи соли 2023 оғоз ёфта, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳон дар майдони Боғи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 10 600 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом ёфта, 1700 бех дарахт шинонида шудааст. Ба масоҳати 800 метри мураббаъ роҳравҳо аз тахтасангҳо ороиш ёфта, барои равшанидиҳӣ чароғакҳои баландпоя насб гардидаанд.
Барои гузаронидани чорабиниҳо саҳна, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол сохта шуда, қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва ба миқдори муайян курсии берунӣ гузошта шуда, бо масоҳати 1100 метри мураббаъ атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.
Дар Боғи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани худшиносии сокинони ноҳияи Мурғоб ва фароғати сайёҳон портретҳои адибони тоҷик гузошта шуда, ҳамзамон расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва таҷҳизот барои бозиҳои варзишӣ ва ҳайкалчаҳои ҳайвоноти сунъӣ гузошта шудаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






